МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО САФИРИ КАНАДА
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).-Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи гузашта бо сафири кабири Канада дар Тоҷикистон хонум Маргарет Скок бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати хизмати дипломатиаш дар мамлакати мо мулоқот кард. Зимни сӯҳбат масъалаҳои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла нақшаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои истихроҷи қувваи барқ, истифодаи захираҳои об ва истихроҷи маъдан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар фарҷоми мулоқот ба Маргарет Скок барои саҳми калонаш дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равнақу ривоҷи ҳамкории Тоҷикистону Канада изҳори сипос намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






