МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МИРОСЛАВ ЕНЧАРО

Июль 10, 2009 14:43

                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мудири Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт.                  Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии мавҷуда дар роҳи транзити озоди молу маҳсулот, одамон ва хизматрасониҳо баррасӣ шуд.                 Дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои баҳсталаб, аз ҷумла истифодаи оқилона захираҳои обу энергетикаи минтақа аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.                  Мирослав Енча ба мавқеи созандаи Тоҷикистон баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ баҳои баланд дод.                 Дар мулоқот ҳамчунин оид ба вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа гуфтугӯ сурат гирифт.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Июль 10, 2009 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд