МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ

Июль 31, 2009 08:41

                   Бегоҳии имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ҳамчунин мулоқоти дуҷониба анҷом дод.                  Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.                 Аз пурра омода гаштани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва аз татбиқи амалии дигар мувофиқаҳои бадастомада, аз ҷумла ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                 Таъкид гардид, ки филиалҳои Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишкадаи пӯлод ва гудохтаҳои Маскав дар шаҳри Душанбе соли оянда ифтитоҳ меёбанд.                 Оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, ҷустуҷӯ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва дигар канданиҳои фоиданок, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории иқтисодӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.                 Дмитрий Медведев омодагии ҷониби Русияро ба идома додани иштирок дар бунёди як қатор нерӯгоҳҳои дигари обӣ, ҷустуҷӯ ва истихроҷу коркарди нафту гази Тоҷикистон бори дигар таъкид намуд.                  Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба қарор омаданд, ки дар Тоҷикистон як корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия оид ба истеҳсоли лампаҳои каммасраф бунёд ёбад.                 Аз ҷараёни ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                 Сарони ду давлат ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистону Покистон, таъсири он ба кишварҳои минтақа ва доир ба роҳҳои мубориза бо зуҳуроти терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯ намуданд.                 Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба як Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодабарии Нерӯгоҳи обии «Сангтӯда-1» ба имзо расид.                 Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 12 нафар шаҳрвандони Русия, ки дар сохт мони нерӯгоҳи обии Сангтӯда — 1 ба муваффақияту комёбиҳои зиёд мушарраф шуда, дар таҳкими дӯстию бародарӣ ва мубодилаи донишу таҷриба миёни бинокорони ду кишвар саҳми намоён гузоштаанд, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд.                 Аз ҷумла 1 нафар бо ордени «Дӯстӣ», 1 нафар бо ордени «Шараф дараҷаи 1», 3 нафар бо ордени «шараф дараҷаи 2», 7 нафари дигар бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.                Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев низ дар навбати худ ба ҳамин қадар шаҳрвандони Тоҷикистон — бинокорони нерӯгоҳи обии Сангтӯда — 1 мукофотҳои давлатии кишвари худро тақдим намуд. 3 нафар бо ордени «Шараф» (орден «Почета») ва 9 нафари дигар бо ордени «Дӯстӣ» (орден «Дружбы») сарфароз гардонида шуданд.                Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 31, 2009 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад