МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЖУРНАЛИСТОН

Июль 24, 2009 09:34

                   Қӯрғонтеппа, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ мулоқот кард. Вай роҷеъ ба проблемаҳо ва дастовардҳои тамоми соҳаҳои иқтисодиёти вилоят сухан ронд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки маблағи хариду фурӯши мол дар вилоят дар давоми 6 моҳи гузаштаи соли равон 563,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба аҳолӣ ба маблағи 371,5 миллион сомонӣ хизматҳои пулакӣ расонда шуд.                   Ғ. Авзалов зикр кард, ки дар шароити имрӯза дар пешрафти иқтисодиёти минтақа саҳми бонкҳо калон аст. Маблағи қарзи онҳо ба корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ дар ин муддат ба 331 миллион сомонӣ расид. Қисми зиёди маблағи қарздода бонкҳо барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорӣ сарф карда шуд.                  Раиси вилоят афзуд, ки дар ин муддат барои бо кор таъмин намудани одамон 38,8 ҳазор ҷои нави кор ташкил гардид. Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 673,7 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки нисбат ба соли 2008-ум 1,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Июль 24, 2009 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд