МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЖУРНАЛИСТОН
Қӯрғонтеппа, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ мулоқот кард. Вай роҷеъ ба проблемаҳо ва дастовардҳои тамоми соҳаҳои иқтисодиёти вилоят сухан ронд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки маблағи хариду фурӯши мол дар вилоят дар давоми 6 моҳи гузаштаи соли равон 563,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба аҳолӣ ба маблағи 371,5 миллион сомонӣ хизматҳои пулакӣ расонда шуд. Ғ. Авзалов зикр кард, ки дар шароити имрӯза дар пешрафти иқтисодиёти минтақа саҳми бонкҳо калон аст. Маблағи қарзи онҳо ба корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ дар ин муддат ба 331 миллион сомонӣ расид. Қисми зиёди маблағи қарздода бонкҳо барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорӣ сарф карда шуд. Раиси вилоят афзуд, ки дар ин муддат барои бо кор таъмин намудани одамон 38,8 ҳазор ҷои нави кор ташкил гардид. Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 673,7 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки нисбат ба соли 2008-ум 1,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






