МУЛОҚОТИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЛАТВИЯ

Июль 13, 2009 14:01

                     Хуҷанд 13 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва Латвия баргузор гардид. Зикр шуд, ки бештар аз 60% маҳсулоти корхонаҳои вилояти Суғд ба ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ фиристода мешавад. Намояндагони Латвия ба таври махсус таъкид карданд, ки мамлакаташон узви созмонҳои НАТО ва Иттиҳоди Аврупо мебошад.                     Ба қавли меҳмонон, дар Латвия саноати озуқа, соҳаи сохтмон, коркарди чӯбу тахта, шабакаи нақлиёт, бонкдорӣ, энергетика, туризм ва ғайра хеле тараққӣ кардаанд. Директори Агентии сармоягузорӣ ва рушди тиҷорати Латвия Андрис Озолс баъди анҷоми мулоқот ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, мо бояд муносибатҳои иқтисодиеро ривоҷ диҳем, ки масоҳаи дур ба вусъати онҳо монеа нагардад.

Июль 13, 2009 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд