МУЛОҚОТИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЛАТВИЯ
Хуҷанд 13 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва Латвия баргузор гардид. Зикр шуд, ки бештар аз 60% маҳсулоти корхонаҳои вилояти Суғд ба ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ фиристода мешавад. Намояндагони Латвия ба таври махсус таъкид карданд, ки мамлакаташон узви созмонҳои НАТО ва Иттиҳоди Аврупо мебошад. Ба қавли меҳмонон, дар Латвия саноати озуқа, соҳаи сохтмон, коркарди чӯбу тахта, шабакаи нақлиёт, бонкдорӣ, энергетика, туризм ва ғайра хеле тараққӣ кардаанд. Директори Агентии сармоягузорӣ ва рушди тиҷорати Латвия Андрис Озолс баъди анҷоми мулоқот ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, мо бояд муносибатҳои иқтисодиеро ривоҷ диҳем, ки масоҳаи дур ба вусъати онҳо монеа нагардад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






