МУЛОҚОТИ ТАЪРИХӢ

Июль 31, 2009 10:16

                Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай чунин мешуморад, ки мулоқотҳои ӯ бо сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе оғози ҷараёни таъмини сулҳу субот чӣ дар Афғонистон ва чӣ дар саросари минтақа хоҳад гашт. Вай зикр намуд, ки Афғонистон ҳуҷҷатҳои дар Душанбе имзошударо ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд, зеро ҳамаи онҳо ба рушду нумӯи иқтисодиёти минтақа равона карда шудаанд.                  Президенти Покистон Осаф Алии Зардорӣ зикр кард, ки ҳуҷҷатҳои имзошуда ба манфиатҳои миллии Покистон пурра ҷавобгӯ мебошанд. Вай мулоқоташро бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай воқеаи таърихӣ номида, зикр кард, ки ин мулоқот дар муносибатҳои мутақобила ва ҳамкории ҳар се давлат саҳифаи нав боз кард. Президенти Покистон қатъан изҳор намуд, ки мамлакаташ тайёр аст дар муборизаи муштарак ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира ҳамроҳи Тоҷикистону Афғонистон фаъолона саҳм гузорад.                 Осаф Алии Зардорӣ дар хотима ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимона изҳори сипос намуда, пешниҳод кард, ки минбаъд чунин мулоқотҳо дар мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон гузаронида шаванд. Тавре хабар дода шуда буд, мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон дар саробӯстони берунишаҳрии ҳукуматии «Варзоб» баргузор гардид.  

Июль 31, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд