МУНОҚИШАИ НАВИ СИЁСӢ ДАР ЭРОН

Июль 25, 2009 08:47

                    Теҳрон, 25 июл. (АМИТ «Ховар»-Топ.РБК.ру).-Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ноиби аввали худ Исфандиёр Раҳим Машоиро ба истеъфо бароварда, талаби роҳбари олии маънавии мамлакат оятулло Алии Ҳоменеиро қонеъ кард. Ба ақидаи оятулло ноиби аввали президент таъин гардидани Р. Машоӣ на ба манфиати президент ва на ба манфиати ҳукумати мамлакат мебошад.                    Хабар дода мешавад, ки Р. Машоӣ қудои президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод аст. Ба вазифаи ноиби аввали президент таъин гардидани ӯ мухолифини президент ва оятулло Ҳоменеиро аз бисёр ҷиҳат ба хашму ғазаб овард. Бояд гуфт, ки оятулло Ҳоменеи барои ҳалли тамоми масъалаҳои дорои аҳамияти давлатию сиёсии Эрон ҳуқуқи комил дорад. Р. Машоӣ дар давраи интихоботи президенти Эрон шахси бовариноки М. Аҳмадинажод буд. Президенти Эрон расман 12 ноиб дорад, вале танҳо ноиби аввали ӯ дар ҳалли масъалаҳои сиёсию давлатӣ мавқеи махсус дорад.                    Р. Машоӣ соли 2008 вақте, ки дар вазифаи ноиби президент кор мекард ва масъули масъалаҳои туризм ва мероси фарҳангӣ буд, зимни сӯҳбат ақидаҳое изҳор менамуд, ки тарафдорони М. Аҳмадинажодро ба хашму ғазаб оварданд. Вай аз ҷумла изҳор карда буд, ки эрониҳо дӯстони ҳамаи халқҳои ҷаҳон аз ҷумла исроилиҳо мебошанд.   Инчунин Р. Машоӣ соли 2007 зимни сафараш ба Туркия дар ҷамъомади тантанавие ширкат варзид, ки дар он занон рақси халқиро иҷро карда буданд. Тавре ки маълум аст дар Эрон дар саҳна ё дар ҳузури мардон рақсидани занон манъ карда шудааст.  

Июль 25, 2009 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд