МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ БОКС АНҶОМ ЁФТ
Хуҷанд, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дирӯз дар варзишгоҳи «Спартак» — и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи 29 — уми кушоди ҷумҳуриявии боксчиён анҷом ёфт, ки барои поси хотири Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев гузаронида шуд. Дар мусобиқа 111 варзишгар аз ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Федератсияи Русия ва Қазоқистон ширкат варзид. Бародарон Ҷасур ва Ҷаҳон Қурбоновҳо аз шаҳри Хуҷанд, Анвар Юнусов аз шаҳри Душанбе, Мирбек Шеров аз Қирғизистон, Алмосбек Алибеков аз Қазоқистон ва дигарон дар гурӯҳи вазни худ ҷойҳои аввалро ишғол намуданд. Ташкилкунандагони мусобиқа — Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ширкати телефонии мобилии «Индиго — Сомонком», бонки «Эсхата», корхонаи «Хуҷандинвесткотон» ва корхонаю муассисаҳои дигар ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






