МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ БОКС АНҶОМ ЁФТ

Июль 30, 2009 15:27

                    Хуҷанд, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дирӯз дар варзишгоҳи «Спартак» — и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи 29 — уми кушоди ҷумҳуриявии боксчиён анҷом ёфт, ки барои поси хотири Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев гузаронида шуд. Дар мусобиқа 111 варзишгар аз ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Федератсияи Русия ва Қазоқистон ширкат варзид. Бародарон Ҷасур ва Ҷаҳон Қурбоновҳо аз шаҳри Хуҷанд, Анвар Юнусов аз шаҳри Душанбе, Мирбек Шеров аз Қирғизистон, Алмосбек Алибеков аз Қазоқистон ва дигарон дар гурӯҳи вазни худ ҷойҳои аввалро ишғол намуданд.  Ташкилкунандагони мусобиқа — Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ширкати телефонии мобилии «Индиго — Сомонком», бонки «Эсхата», корхонаи «Хуҷандинвесткотон» ва корхонаю муассисаҳои дигар ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Июль 30, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид