МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ АВВАЛИ СОЛИ 2010 БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Мӯҳлати гузаронидани мусобиқаи навбатии дастаҳои футболи мамлакатҳои Осиё барои ба даст овардани Ҷоми имтиёзи Конфедератсияи футболи Осиё тасдиқ карда шуд. Мусобиқаи мазкур аз 3 то 14 феврали соли 2010 гузаронида мешавад. Маҳалли гузаронидани мусобиқа ҳанӯз муайян нашудааст. Дар мусобиқа ғолибони қувваозмоиҳои гузашта — Ҳиндустон, Тоҷикистон, ҶХДК ва Қирғизистон, Туркманистон, Мянма, Шри — Ланка ва Бангдаеш ширкат меварзанд. Барандаи Ҷоми мусобиқаи мазкур ба мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи мамлакатҳои Осиё роҳхат мегирад, ки соли 2011 баргузор хоҳад гашт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мусобиқаи мазкур соли 2006 Тоҷикистон ва соли 2008 Ҳиндустон ғалаба ба даст оварда буданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






