МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ АВВАЛИ СОЛИ 2010 БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Июль 22, 2009 11:42

                  Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Мӯҳлати гузаронидани мусобиқаи навбатии дастаҳои футболи мамлакатҳои Осиё барои ба даст овардани Ҷоми имтиёзи Конфедератсияи футболи Осиё тасдиқ карда шуд. Мусобиқаи мазкур аз 3 то 14 феврали соли 2010 гузаронида мешавад. Маҳалли гузаронидани мусобиқа ҳанӯз муайян нашудааст.                  Дар мусобиқа ғолибони қувваозмоиҳои гузашта — Ҳиндустон, Тоҷикистон, ҶХДК ва Қирғизистон, Туркманистон, Мянма, Шри — Ланка ва Бангдаеш ширкат меварзанд. Барандаи Ҷоми мусобиқаи мазкур ба мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи мамлакатҳои Осиё роҳхат мегирад, ки соли 2011 баргузор хоҳад гашт.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мусобиқаи мазкур соли 2006 Тоҷикистон ва соли 2008 Ҳиндустон ғалаба ба даст оварда буданд. Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 22, 2009 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад