МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Бо қарори Конфедератсияи футболи Осиё мусобиқаи дастаҳои футболи мамлакатҳои қитъа барои ба даст овардани Ҷоми раиси Конфедератсия бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ду қувваозмоии ниманиҳоӣ 25 сентябр ва мусобиқаи хотимавӣ 27 сентябр дар варзишгоҳи «Металлург» — и шаҳри Турсунзода гузаронида мешаванд. Қуръапартоии қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ 22 июл дар Куала — Лумпур баргузор хоҳанд гашт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин мусобиқа қаҳрамонони футболи Тоҷикистон — дастаи «Регар — Тадаз», дастаи «Ашқобод» и Туркманистон, дастаи «Дурдой — Динамо» — и Қирғизистон ва дастаи «ВАПДА» — и Покистон ширкат меварзанд. Тавре ки маълум аст, дастаи «Дурдой — Динамо» дар мусобиқа барои ба даст овардани ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Бишкек зимни қувваозмоӣ бо дастаи «Регар — Тадаз» мағлуб гардида буд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






