МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Июль 17, 2009 10:14

                    Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Бо қарори Конфедератсияи футболи Осиё мусобиқаи дастаҳои футболи мамлакатҳои қитъа барои ба даст овардани Ҷоми раиси Конфедератсия бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ду қувваозмоии ниманиҳоӣ 25 сентябр ва мусобиқаи хотимавӣ 27 сентябр дар варзишгоҳи «Металлург» — и шаҳри Турсунзода гузаронида мешаванд. Қуръапартоии қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ 22 июл дар Куала — Лумпур баргузор хоҳанд гашт.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин мусобиқа қаҳрамонони футболи Тоҷикистон — дастаи «Регар — Тадаз», дастаи «Ашқобод» и Туркманистон, дастаи «Дурдой — Динамо» — и Қирғизистон ва дастаи «ВАПДА» — и Покистон ширкат меварзанд.  Тавре ки маълум аст, дастаи «Дурдой — Динамо» дар мусобиқа барои ба даст овардани ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Бишкек зимни қувваозмоӣ бо дастаи «Регар — Тадаз» мағлуб гардида буд.                                                                                                          Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 17, 2009 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид