МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ АНҶОМ ЁФТ

Июль 27, 2009 10:44

                   Тошканд, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). — Дар шаҳри Тошканд мусобиқаи байналхалқии шоҳмот барои ба даст овардани Ҷоми ҳокими пойтахти Ӯзбекистон ба охир расид. Дар ин мусобиқа қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон Соҳиб Ҷӯраев иштирок намуд. Ӯ то даври панҷуми мусобиқа дар байни панҷ бозингари беҳтарин қарор дошт. Вай аз 9 холи имконпазир 6 хол ба даст оварда буд. Вале шоҳмотбози тоҷик дар фарҷоми мусобиқа ҷойи 11 — умро ишғол намуд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мусобиқа сад нафар шоҳмотбози зӯртарини ҷаҳон иштирок намуд. Бо вуҷуди ин Ҷоми ҳокими шаҳри Тошканд имсол дар пойтахти Ӯзбекистон боқӣ монд. Зеро дар мусобиқа ҳамаи ҷойҳои аввалинро шоҳмотбозони ӯзбек Марат Ҷумъаев, Андрей Квон ва Саидалӣ Юлдошев ишғол намуданд.

Июль 27, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд