МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ АНҶОМ ЁФТ
Тошканд, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). — Дар шаҳри Тошканд мусобиқаи байналхалқии шоҳмот барои ба даст овардани Ҷоми ҳокими пойтахти Ӯзбекистон ба охир расид. Дар ин мусобиқа қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон Соҳиб Ҷӯраев иштирок намуд. Ӯ то даври панҷуми мусобиқа дар байни панҷ бозингари беҳтарин қарор дошт. Вай аз 9 холи имконпазир 6 хол ба даст оварда буд. Вале шоҳмотбози тоҷик дар фарҷоми мусобиқа ҷойи 11 — умро ишғол намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мусобиқа сад нафар шоҳмотбози зӯртарини ҷаҳон иштирок намуд. Бо вуҷуди ин Ҷоми ҳокими шаҳри Тошканд имсол дар пойтахти Ӯзбекистон боқӣ монд. Зеро дар мусобиқа ҳамаи ҷойҳои аввалинро шоҳмотбозони ӯзбек Марат Ҷумъаев, Андрей Квон ва Саидалӣ Юлдошев ишғол намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






