НАҚШАҲО ИҶРО МЕШАВАНД
Хуҷанд, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сардори раёсати умумии молиявии вилояти Суғд Анвар Мирзоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар давоми шаш моҳи гузаштаи соли равон ба буҷети вилоят аз ҳисоби ҷамъоварии андозҳо 182,2 миллион сомонӣ ворд карда шуд. Ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 16,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар давоми шаш моҳи гузашта танҳо барои сохтмони иншоотҳои идона, аз ҷумла, Литсеи Президентӣ, бинои истиқоматии нӯҳошёна, майдони марказии «Варзишгоҳ», маркази нави табобати бемориҳои дил ва ғайра аз ҳисоби буҷет 35,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Бояд гуфт, ки 77,7 фоизи буҷети вилоятро хароҷоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ташкил медиҳад. А.Мирзоев зикр намуд, ки дар натиҷаи амалӣ сохтани тадбирҳои самарабахши ҷамъоварии пардохтҳо ба ҳисоби Фонди устуворгардонии рушди иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 2,1 миллион сомонӣ гузаронида шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






