НАҚШАИ ҚИСМИ ДАРОМАДИ БУҶЕТ ИҶРО ШУД

Июль 17, 2009 13:54

                 Хуҷанд, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 16 июл барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил кард. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят ҷамъбаст ва нақшаҳои оянда муайян карда шуданд. Қ. Расулзода қайд намуд, ки даромади буҷети вилоят дар нимаи аввали соли 2009 барзиёд иҷро шуд. Дар давоми 6 моҳ ба буҷети вилоят 173 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз соли гузашта хеле зиёд аст.                 Қисми хароҷоти бюҷети вилоят 99,1% иҷро шуд. Дар ин муддат дар вилоят ба маблағи 489 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли гузашта 0,7% зиёд мебошад. Маблағи хариду фурӯши мол дар байни вилояти Суғд бо мамлакатҳои хориҷӣ 358 миллион долари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 21% кам аст.

Июль 17, 2009 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд