НАҚШАИ ҚИСМИ ДАРОМАДИ БУҶЕТ ИҶРО ШУД
Хуҷанд, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 16 июл барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил кард. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят ҷамъбаст ва нақшаҳои оянда муайян карда шуданд. Қ. Расулзода қайд намуд, ки даромади буҷети вилоят дар нимаи аввали соли 2009 барзиёд иҷро шуд. Дар давоми 6 моҳ ба буҷети вилоят 173 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз соли гузашта хеле зиёд аст. Қисми хароҷоти бюҷети вилоят 99,1% иҷро шуд. Дар ин муддат дар вилоят ба маблағи 489 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли гузашта 0,7% зиёд мебошад. Маблағи хариду фурӯши мол дар байни вилояти Суғд бо мамлакатҳои хориҷӣ 358 миллион долари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 21% кам аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






