НАМОИШИ ЭЪТИРОЗИИ САВДОГАРОНИ БОЗОРИ ЧЕРКИЗ ДАР МАСКАВ

Июль 29, 2009 15:46

                Маскав, 29 июл. (АМИТ «Ховар» — Риан.Ру).- Ҷунбиши «Ҷабҳаи чап» ва савдогарони бозори басташудаи Черкиз дирӯз, 28 июл дар майдони Новопушкинскийи маркази шаҳри Маскав намоиши эътирозӣ ташкил намуда, ҳукуматдоронро даъват карданд, ки бозори мазкурро дубора кушоянд. Дар намоиш роҳбарону намояндагони ҳизби «Яблоко» ва ҳизби коммунисти Русия ҳузур доштанд.                Намоишгарон изҳор доштанд, ки дар натиҷаи баста шудани бозори Черкиз ҳазорон нафар одамон бекор мондаанд. Онҳо то имрӯз барои худ кор пайдо карда наметавонанд. Яке аз роҳбарони ҷунбиши «Ҷабҳаи чап» Сергей Удалцев изҳор намуд, ки баста шудани бозори Черкиз натиҷаи бӯҳрони амиқи фаъолияти ҳукуматдорони Маскав мебошад. Вай тамоми масъулияти баста шудани бозорро ба зиммаи Ҳукумати Маскав гузошт.                 Намоишгарон ба Ҳукумати шаҳри Маскав муроҷиатнома қабул карда, талаб намуданд, ки бозор дар давоми рӯзҳои наздик кушода, гунаҳкорони баста шудани он ба ҷавобгарӣ кашида, роҳбарияти Маскав ба истеъфо бароварда шавад. Изҳор карда шуд, ки агар талаботи мазкур иҷро нашавад, рӯзҳои наздик намоиши эътирозии доманадортар ташкил карда хоҳад шуд.                  Аз рӯи маълумоти Федератсияи муҳоҷирони Русия, дар натиҷаи баста шудани бозори Черкиз қариб 100 ҳазор нафар аз кор маҳрум гардид. Ҳол он ки дар бозори мазкур ҳамагӣ 14,2 ҳазор ҷои кор мавҷуд буд.                                                                                                       Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 29, 2009 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд