НБО «САНГТӮДА — 1» БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Июль 31, 2009 11:02

                 Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Субҳи 31 июл маросими ботантанаи ба истифода додани Нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда — 1» баргузор гардид, ки дар он Президентҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев иштирок доштанд.                 Президенти Тоҷикистон дирӯз дар робита изҳор намуд, ки ба истифода додани нерӯгоҳ на танҳо таъминоти Тоҷикистонро бо қувваи барқ беҳтар месозад, балки самараи амалии муносибатҳо ва ҳамкории стратегии мо мебошад.                  НБО «Сангтӯда — 1» иншооти калонтарини тавлиди қувваи барқ мебошад, ки баъди барҳам хӯрдани ИҶШС дар Осиёи Марказӣ бунёд карда шуд. Онро мутахассисони Тоҷикистону Русия сохтанд. Русия ва Тоҷикистон соли 2004 дар бораи давом додани сохтмони нерӯгоҳи мазкур созишнома имзо карда буданд. Мувофиқи он Ҷамъияти саҳҳомии «НБО «Сангтӯда — 1» ташкил карда шуд. 75 фоизи саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25 фоизи онҳо ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Агрегати аввали нерӯгоҳ моҳи январи соли 2008, агрегати дуюми он моҳи июл ва агрегати сеюми нерӯгоҳ моҳи нояби соли 2008 ба кор дароварда шуданд. Маблағи умумии сохтмони нерӯгоҳ 17,2 миллиард рубли Русияро ташкил медиҳад.  

Июль 31, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд