НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

Июль 10, 2009 15:20

                  Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- Имрӯз дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо иштироки ноибони раиси академия Мӯсо Диноршоев ва Хуршед Каримов барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Ба саволҳои хабарнигорон инчунин директорони пажӯҳишгоҳҳо ва котибони илмии муассисаҳои академия ҷавоб доданд.                  Нишасти матбуотӣ ба натиҷаҳои фаъолияти Академияи илмҳо ва муассисахои тобеи он дар давоми нимаи аввали соли 2009 бахшида шуд.                  Қайд карда шуд, ки айни ҳол ҳамаи вазифаҳои дар назди академия гузошташуда бомуваффақият иҷро карда мешаванд. Ин пеш аз ҳама ба татбиқи дастовардҳои илмии олимон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дахл дорад. Аз ҷумла, моддаи химиявии пектин, ки олимон ихтироъ намудаанд, дар саноати озука ва дорусозӣ истифода карда хоҳад шуд. Моддаҳои химиявии бентонит дар саноати бофандагӣ, истеҳсоли сангҳои қимматбаҳо мавриди истифода қарор дода мешавад. Ояндаи наздик дар соҳаи тиб истифодаи асбобҳои криогенӣ оғоз меёбад.                     Қайд карда шуд, ки дар ин муддат ба 4 олими ҷавон барои дастовардҳои илмӣ ҷоизаҳо ва дипломҳои академия супорида шуданд. Раёсати академия лоиҳаи Барномаи ҳамгироии илм ва маълумоти олиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-1015 тайёр намуд.                    Кормандони илмии муассисаҳои академия дар давоми 6 моҳи аввали соли 2009 250 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 20 китоб ва 230 мақола тайёр ва нашр карданд.  

Июль 10, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд