НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- Имрӯз дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо иштироки ноибони раиси академия Мӯсо Диноршоев ва Хуршед Каримов барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Ба саволҳои хабарнигорон инчунин директорони пажӯҳишгоҳҳо ва котибони илмии муассисаҳои академия ҷавоб доданд. Нишасти матбуотӣ ба натиҷаҳои фаъолияти Академияи илмҳо ва муассисахои тобеи он дар давоми нимаи аввали соли 2009 бахшида шуд. Қайд карда шуд, ки айни ҳол ҳамаи вазифаҳои дар назди академия гузошташуда бомуваффақият иҷро карда мешаванд. Ин пеш аз ҳама ба татбиқи дастовардҳои илмии олимон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дахл дорад. Аз ҷумла, моддаи химиявии пектин, ки олимон ихтироъ намудаанд, дар саноати озука ва дорусозӣ истифода карда хоҳад шуд. Моддаҳои химиявии бентонит дар саноати бофандагӣ, истеҳсоли сангҳои қимматбаҳо мавриди истифода қарор дода мешавад. Ояндаи наздик дар соҳаи тиб истифодаи асбобҳои криогенӣ оғоз меёбад. Қайд карда шуд, ки дар ин муддат ба 4 олими ҷавон барои дастовардҳои илмӣ ҷоизаҳо ва дипломҳои академия супорида шуданд. Раёсати академия лоиҳаи Барномаи ҳамгироии илм ва маълумоти олиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-1015 тайёр намуд. Кормандони илмии муассисаҳои академия дар давоми 6 моҳи аввали соли 2009 250 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 20 китоб ва 230 мақола тайёр ва нашр карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






