НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛАТВИЯ

Июль 13, 2009 15:20

                 Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар»).- Тавре хабар дода шуда буд Президенти Латвия Валдис Затлерс чанд рӯз пеш барои боздиди расмии давлатии ба Тоҷикистон омад.  Сарони ҳар ду давлат В. Затлерс ва Эмомалӣ Раҳмон баъди гуфтушунид барои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар нишасти матбуотӣ аз ҷумла изҳор намуд:                -Намояндагони мӯҳтарами воситаҳои ахбори оммавӣ, сафари давлатии президенти Ҷумҳурии Латвия идомаи муколамаи сиёсии сарони ҳар ду мамлакат мебошад, ки мо ба он моҳи феврали соли равон дар Рига ҳусни оғоз бахшида будем. Ташкили ду сафари давлатӣ дар давоми ним сол равшан шаҳодат медиҳад, ки ҳар ду ҷониб ба равнақу ривоҷи муносибатҳояшон диққати калон медиҳанд.                 Ин тасодуфӣ нест. Мамлакатҳои мо дар гузаштаи начандон дур умумиятҳои зиёди таърихӣ доштанд. Тоҷикистон ва Латвия солҳои Ҳокимияти шӯравӣ дар бисёр соҳаҳои иқтисодиёт самарабахш ҳамкорӣ мекарданд. Онҳо имрӯз бо назардошти таҷрибаи солҳои гузашта дар заминаи воқеияти сиёсии кунунӣ ба густариши муносибатҳо ва ҳамкории самарабахш кӯшиш ба харҷ медиҳанд.                 Зимни сафари ҷаноби аълоҳазрат, президенти Латвия В. Затлерс мо силсилаи гуфтушунидҳо анҷом додем. Сӯҳбатҳои мо дар вазъияти анъанавии ошкорою самимона гузаштанд. Мо натиҷаҳои сафари давлатиро дар моҳи феврал ба Латвия таҳлил намуда, қарор додем, ки муносибатҳоямонро бештар аз пештар ривоҷ диҳем. Ин сафар, бешубҳа ба муносибатҳои мо такони ҷиддӣ бахшид.                   Масалан, дар доираи созишномаи дар Рига имзо шуда баъди танаффуси тӯлонӣ байни пойтахтҳои мамлакатҳоямон роҳи ҳавоӣ кушода шуд. Ҳавопаймоҳои ширкати ҳавонавардии Латвия мунтазам ба мамлакати мо парвоз мекунанд. Илова бар ин, бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ муносибатҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар ба таври қаноатбахш давом дорад.                   Баъди мулоқоти нахустини соҳибкорони тоҷику Латвия дар Рига якчанд гурӯҳҳои тоҷирон барои шиносоӣ бо имкониятҳои мо ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ҷараёни сафари президенти Латвия мулоқоти дуюми соҳибкорони ҳар ду кишвар баргузор мегардад. Умед аст, ки ин мулоқот натиҷаҳои бештар ва мушаххастар хоҳад дод.                   Ҳар ду ҷониб боварӣ доранд, ки барои равнақу ривоҷи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва самтҳо захираю имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд. Зимни сафари президенти Латвия ба Тоҷикистон дар фарҷоми мулоқоти мо силсилаи ҳуҷчатҳо ба имзо расиданд, ки бешубҳа ба вусъати муносибатҳоямон мусоидат хоҳанд кард.                   Мо ҳамчунин масъалаҳои муҳимтарини дорои аҳамияти минтақавию байналхалқиро баррасӣ кардем. Намояндагони ҳар ду ҷониб ба тарафдории идомаи гуфтушунидҳои сиёсӣ дар сатҳи гуногун ақида изҳор намуданд.                   Ҷониби Тоҷикистон изҳори боварӣ менамояд, ки сафари давлатии президенти Латвия ба мамлакати мо дар таърихи муносибатҳоямон саҳифаи нав боз карда, ба густариши минбаъдаи равобити самарабахши ҳар ду давлати бо ҳам дӯст кӯмаки калон мерасонад. Тарҷумон Қудратов А.

Июль 13, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд