НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛАТВИЯ
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар»).- Тавре хабар дода шуда буд Президенти Латвия Валдис Затлерс чанд рӯз пеш барои боздиди расмии давлатии ба Тоҷикистон омад. Сарони ҳар ду давлат В. Затлерс ва Эмомалӣ Раҳмон баъди гуфтушунид барои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар нишасти матбуотӣ аз ҷумла изҳор намуд: -Намояндагони мӯҳтарами воситаҳои ахбори оммавӣ, сафари давлатии президенти Ҷумҳурии Латвия идомаи муколамаи сиёсии сарони ҳар ду мамлакат мебошад, ки мо ба он моҳи феврали соли равон дар Рига ҳусни оғоз бахшида будем. Ташкили ду сафари давлатӣ дар давоми ним сол равшан шаҳодат медиҳад, ки ҳар ду ҷониб ба равнақу ривоҷи муносибатҳояшон диққати калон медиҳанд. Ин тасодуфӣ нест. Мамлакатҳои мо дар гузаштаи начандон дур умумиятҳои зиёди таърихӣ доштанд. Тоҷикистон ва Латвия солҳои Ҳокимияти шӯравӣ дар бисёр соҳаҳои иқтисодиёт самарабахш ҳамкорӣ мекарданд. Онҳо имрӯз бо назардошти таҷрибаи солҳои гузашта дар заминаи воқеияти сиёсии кунунӣ ба густариши муносибатҳо ва ҳамкории самарабахш кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зимни сафари ҷаноби аълоҳазрат, президенти Латвия В. Затлерс мо силсилаи гуфтушунидҳо анҷом додем. Сӯҳбатҳои мо дар вазъияти анъанавии ошкорою самимона гузаштанд. Мо натиҷаҳои сафари давлатиро дар моҳи феврал ба Латвия таҳлил намуда, қарор додем, ки муносибатҳоямонро бештар аз пештар ривоҷ диҳем. Ин сафар, бешубҳа ба муносибатҳои мо такони ҷиддӣ бахшид. Масалан, дар доираи созишномаи дар Рига имзо шуда баъди танаффуси тӯлонӣ байни пойтахтҳои мамлакатҳоямон роҳи ҳавоӣ кушода шуд. Ҳавопаймоҳои ширкати ҳавонавардии Латвия мунтазам ба мамлакати мо парвоз мекунанд. Илова бар ин, бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ муносибатҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар ба таври қаноатбахш давом дорад. Баъди мулоқоти нахустини соҳибкорони тоҷику Латвия дар Рига якчанд гурӯҳҳои тоҷирон барои шиносоӣ бо имкониятҳои мо ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ҷараёни сафари президенти Латвия мулоқоти дуюми соҳибкорони ҳар ду кишвар баргузор мегардад. Умед аст, ки ин мулоқот натиҷаҳои бештар ва мушаххастар хоҳад дод. Ҳар ду ҷониб боварӣ доранд, ки барои равнақу ривоҷи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва самтҳо захираю имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд. Зимни сафари президенти Латвия ба Тоҷикистон дар фарҷоми мулоқоти мо силсилаи ҳуҷчатҳо ба имзо расиданд, ки бешубҳа ба вусъати муносибатҳоямон мусоидат хоҳанд кард. Мо ҳамчунин масъалаҳои муҳимтарини дорои аҳамияти минтақавию байналхалқиро баррасӣ кардем. Намояндагони ҳар ду ҷониб ба тарафдории идомаи гуфтушунидҳои сиёсӣ дар сатҳи гуногун ақида изҳор намуданд. Ҷониби Тоҷикистон изҳори боварӣ менамояд, ки сафари давлатии президенти Латвия ба мамлакати мо дар таърихи муносибатҳоямон саҳифаи нав боз карда, ба густариши минбаъдаи равобити самарабахши ҳар ду давлати бо ҳам дӯст кӯмаки калон мерасонад. Тарҷумон Қудратов А.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






