НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПРОКУРОРИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Хуҷанд, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Прокурори ҳарбии гарнизони вилояти Суғд Сафаралӣ Мирзоев дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли 2009 дар қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди вилоят ҷой додашуда 14 ҳодисаи аз маҳалли хизмат гурехтани хизматчиёни ҳарбӣ ва 21 ҳодисаи худсарона тарк намудани маҳаллӣ хизмат ба қайд гирифта шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле кам мебошад. С. Мирзоев дар ҷавоби саволи мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки дар ин муддат дар ҷузъу томҳои низомии ҳудуди вилоят ягон ҳодисаи муносибатҳои ғайринизомномавии аскарону афсарон ба қайд гирифта нашудааст. Дар нимсолаи аввал 4 ҳодисаи вафоти аскарон ба қайд гирифта шуд, ки яке аз онҳо сӯиқасд ба ҷони худ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






