НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПРОКУРОРИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Июль 11, 2009 11:24

                    Хуҷанд, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Прокурори ҳарбии гарнизони вилояти Суғд Сафаралӣ Мирзоев дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли 2009 дар қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди вилоят ҷой додашуда 14 ҳодисаи аз маҳалли хизмат гурехтани хизматчиёни ҳарбӣ ва 21 ҳодисаи худсарона тарк намудани маҳаллӣ хизмат ба қайд гирифта шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле кам мебошад.                    С. Мирзоев дар ҷавоби саволи мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки дар ин муддат дар ҷузъу томҳои низомии ҳудуди вилоят ягон ҳодисаи муносибатҳои ғайринизомномавии аскарону афсарон ба қайд гирифта нашудааст. Дар нимсолаи аввал 4 ҳодисаи вафоти аскарон ба қайд гирифта шуд, ки яке аз онҳо сӯиқасд ба ҷони худ мебошад.  

Июль 11, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд