НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ

Июль 7, 2009 16:47

                    Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Прокурори генералии ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов имрӯз вобаста ба вафоти мудири шӯъбаи қабули беморони Маркази ҷумҳуриявии табобати саратон Хуршед Бобокалонови 33-сола барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр намуд, ки кормандони милиса чанд рӯз пеш дар кӯча Хуршед Бобокалоновро ҳамроҳи рафиқаш дар ҳолати сархушӣ бозмедоранд. Байни кормандони милиса ва шахсони дастгиршуда баҳсу мунозира ба амал меояд. Баъд кормандони милиса гурӯҳи иловагиро барои расондани кӯмак даъват менамоянд.                    Х. Бобокалонов ба кормандони милиса муқовимат нишон медиҳад. Кормандони милиса Х. Бобокалонов ва рафиқашро ба мошини махсус шинонда ба тарафи Вазорати корҳои дохилӣ мебаранд. Дар дохили мошин аҳволи саломатии Х. Бобокалонов бад мешавад, ба ӯ кӯмаки таъҷилии тиббӣ мерасонанд. Бо вуҷуди ин Х. Бобокалонов дар дохили мошин вафот мекунад.                   Прокурори генералӣ изҳор намуд, ки зимни ташхиси тиббӣ дар ҷасади Х. Бобокалонов аломатҳои лату кӯб ва марги маҷбурӣ мушоҳида нашудаанд. Рафиқи ӯ низ ҳамроҳаш дар дохили мошини милиса буд. Қайд карда шуд, ки агар аз ҷониби кормандони милиса истифода шудани зӯроварӣ нисбати Х. Бобокалонов исбот шавад, гунаҳкорон мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.                  Дар нишасти матбуотӣ прокурори ҳарбии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов низ иштирок дошт. Вай дар ҷавоби саволи хабарнигорон изҳор намуд, ки дар давоми соли равон дар қувваҳои муссалаҳи мамлакат танҳо ду ҳодисаи худкушии хизматчиёни ҳарбӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин воқеаҳо тафтиш карда мешаванд.                    Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, дар давоми соли равон дар мамлакат зиёда аз 6806 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008-ум 7,5 % зиёд мебошад. Дар натиҷа ба давлат ба маблағи 77 миллиону 776 ҳазору 933 сомонӣ зарар расонда шуд. Дар ҷараёни тафтиши ин ҷиноятҳо 46 миллиону 298 ҳазору 366 сомонӣ маблағи зарар ба хазинаи давлат баргардонда шуд.                                                                                                           Тарҷумон Қудратов А.   

Июль 7, 2009 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд