НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Прокурори генералии ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов имрӯз вобаста ба вафоти мудири шӯъбаи қабули беморони Маркази ҷумҳуриявии табобати саратон Хуршед Бобокалонови 33-сола барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр намуд, ки кормандони милиса чанд рӯз пеш дар кӯча Хуршед Бобокалоновро ҳамроҳи рафиқаш дар ҳолати сархушӣ бозмедоранд. Байни кормандони милиса ва шахсони дастгиршуда баҳсу мунозира ба амал меояд. Баъд кормандони милиса гурӯҳи иловагиро барои расондани кӯмак даъват менамоянд. Х. Бобокалонов ба кормандони милиса муқовимат нишон медиҳад. Кормандони милиса Х. Бобокалонов ва рафиқашро ба мошини махсус шинонда ба тарафи Вазорати корҳои дохилӣ мебаранд. Дар дохили мошин аҳволи саломатии Х. Бобокалонов бад мешавад, ба ӯ кӯмаки таъҷилии тиббӣ мерасонанд. Бо вуҷуди ин Х. Бобокалонов дар дохили мошин вафот мекунад. Прокурори генералӣ изҳор намуд, ки зимни ташхиси тиббӣ дар ҷасади Х. Бобокалонов аломатҳои лату кӯб ва марги маҷбурӣ мушоҳида нашудаанд. Рафиқи ӯ низ ҳамроҳаш дар дохили мошини милиса буд. Қайд карда шуд, ки агар аз ҷониби кормандони милиса истифода шудани зӯроварӣ нисбати Х. Бобокалонов исбот шавад, гунаҳкорон мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Дар нишасти матбуотӣ прокурори ҳарбии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов низ иштирок дошт. Вай дар ҷавоби саволи хабарнигорон изҳор намуд, ки дар давоми соли равон дар қувваҳои муссалаҳи мамлакат танҳо ду ҳодисаи худкушии хизматчиёни ҳарбӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин воқеаҳо тафтиш карда мешаванд. Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, дар давоми соли равон дар мамлакат зиёда аз 6806 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008-ум 7,5 % зиёд мебошад. Дар натиҷа ба давлат ба маблағи 77 миллиону 776 ҳазору 933 сомонӣ зарар расонда шуд. Дар ҷараёни тафтиши ин ҷиноятҳо 46 миллиону 298 ҳазору 366 сомонӣ маблағи зарар ба хазинаи давлат баргардонда шуд. Тарҷумон Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






