ОЛИМЕРО ТАРБИЯТ КАРДАН КОРИ ЯК САДСОЛА АСТ

Июль 21, 2009 14:01

                    Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар даврони истиқлолият зиёда 200 нафар олимони тоҷик рисолаи номзадӣ ва зиёда аз 60 нафар рисолаи докториро ҳимоя намуданд. Боиси хушбахтист, ки ба ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 70 нафар олимони мо ба мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шудаанд. Яке аз ин олимони ҷавон Қиёмиддин Миралиев мебошад.                   Қиёмиддин Миралиев ба ҳайси мудири шӯъбаи сиёсати иҷтимоии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ӯ дар тӯли фаъолияти кориаш зиёда аз 13 корҳои илмӣ -методиро анҷом додааст.                    Ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимони ҷавон, озмуни ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ гузаронида мешавад.                    Соли равон аз тарафи 18 нафар довталабон дар ҳайати гурӯҳи муаллифон ва шахсони алоҳида 17 кори илмӣ ба озмун пешниҳод гардид. Бо қарори Ҳакамон санаи 16 июли соли 2009 Қиёмиддин Миралиев ба Мукофоти давлатии Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид. Қиёмиддин Миралиев дар баробари олим ва сиёсатмадори варзида буданаш дар тарбияи мутахассисони ҷавони Кумита саҳми арзанда дорад.

Июль 21, 2009 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд