ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «ПАНҶ СИТОРАИ ИНТЕРВИЗИОН» БА ВАҚТИ ДИГАР ГУЗАРОНИДА ШУД
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдуманнонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки озмуни байналхалқии овозхонони ҷавони «Панҷ ситораи интервизион — 2009» аз моҳи август ба фасли тирамоҳ гузаронида шуд. Рӯзи аниқи баргузор гардидани озмун ҳанӯз маълум нест. А.Абдуманнонов изҳор намуд, ки ин масъала дар маҷлиси ҳайати мушовараи кумита муҳокима шуд. Сабаби ба вақти дигар гузаронидани озмун ба он ҷалб намудани овозхонони ҷавони мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Ҳадафи ин иқдом боз ҳам баландтар бардоштани мақом ва эътибори озмун маънидод карда мешавад. Вобаста ба ин тартибу усулҳои нави гузаронидани озмун муқаррар карда хоҳанд шуд, гуфт дар хотима А.Абдуманнонов. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






