ОЗМУНИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 15 июли соли ҷорӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2009, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд баргузор шуд. Маводи бештар дар соҳаи гуманитарӣ, тиб, иқтисодиёт, табиатшиносӣ, техника, пешниҳод шуда буданд. Ғолибони ҷои якум намояндаи Вазорати тандурустии ҶТ Илҳомҷон Бандаев ва ассистенти кафедраи ҷарроҳии асаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо номи Абуали ибни Сино Рустам Бердиев гардиданд. Намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Абдурасул Ҷабборов ҷои дуввум, намоянда аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимов ҷоизаи сеюм, аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Тоирҷон Давлатмуродов ҷоизаи чорум, намояндагони Академияи илмҳои ҶТ Асадқул Бердиев ва Зиёдулло Обидов ҷоизаи панҷум ва намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Қиёмиддин Миралиев ҷоизаи шашумро сазовор гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






