ОЗМУНИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Июль 16, 2009 11:36

                 Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 15 июли соли ҷорӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2009, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд баргузор шуд.                Маводи бештар дар соҳаи гуманитарӣ, тиб, иқтисодиёт, табиатшиносӣ, техника, пешниҳод шуда буданд. Ғолибони ҷои якум намояндаи Вазорати тандурустии ҶТ Илҳомҷон Бандаев ва ассистенти кафедраи ҷарроҳии асаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо номи Абуали ибни Сино Рустам Бердиев гардиданд.                 Намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Абдурасул Ҷабборов ҷои дуввум, намоянда аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимов ҷоизаи сеюм, аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Тоирҷон Давлатмуродов ҷоизаи чорум, намояндагони Академияи илмҳои ҶТ Асадқул Бердиев ва Зиёдулло Обидов ҷоизаи панҷум ва намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Қиёмиддин Миралиев ҷоизаи шашумро сазовор гардиданд.  

Июль 16, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд