ПАРДОХТИ СУҒУРТА ЗИЁД ГАРДИД

Июль 10, 2009 11:53

                    Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» аз 1-уми июли соли ҷорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти ҳаққи суғурта ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ба соҳибони он ба ҷои 1250 сомонии қаблан пардохташаванда 1750 сомонӣ дода мешавад.                   Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ба шахсони дар садамаҳои нақлиётӣ осебдида ба ҷои 2500 сомонӣ 3500 сомонӣ суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандӣ пардохт карда мешавад. Ҳамчунин андозаи суғуртаи нақлиёти сабукрави шахсӣ ва микроавтобусҳо аз 1-уми июли соли ҷорӣ 89 сомонию 25 дирам ва барои дорандагони мотосиклҳо 52 сомонию 50 дирам муқаррар карда шудааст. Иштирокчиёни ҶБВ, чанги Афғонистон ва садамаи Чернобил ҳангоми суғуртаи нақлиёти шахсӣ истифода аз имтиёзҳои додашуда, нисфи маблағи пешбинишударо месупоранд.  

Июль 10, 2009 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд