ПАРДОХТИ СУҒУРТА ЗИЁД ГАРДИД
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» аз 1-уми июли соли ҷорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти ҳаққи суғурта ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ба соҳибони он ба ҷои 1250 сомонии қаблан пардохташаванда 1750 сомонӣ дода мешавад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ба шахсони дар садамаҳои нақлиётӣ осебдида ба ҷои 2500 сомонӣ 3500 сомонӣ суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандӣ пардохт карда мешавад. Ҳамчунин андозаи суғуртаи нақлиёти сабукрави шахсӣ ва микроавтобусҳо аз 1-уми июли соли ҷорӣ 89 сомонию 25 дирам ва барои дорандагони мотосиклҳо 52 сомонию 50 дирам муқаррар карда шудааст. Иштирокчиёни ҶБВ, чанги Афғонистон ва садамаи Чернобил ҳангоми суғуртаи нақлиёти шахсӣ истифода аз имтиёзҳои додашуда, нисфи маблағи пешбинишударо месупоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






