ПЕШГИРИИ РАҚОБАТИ БЕВИҶДОНОНА ДАР БОЗОРҲОИ МОЛ

Июль 30, 2009 16:59

                  Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти амаликунандаи сиёсати зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ) аз тарафи як қатор соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ аризаи шикоятӣ оид ба вуҷуд доштани рақобати бевиҷдонона дар бозори молии истеҳсол ва фурӯши қоғази ташноб ворид гардид.                  Дар натиҷаи санҷиши масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ маълум гашт, ки дар шаҳри Душанбе зиёда аз 7 сехи истеҳсоли қоғази ташноб фаъолият намуда, дар баробари ин берун аз ҷумҳурӣ чунин маҳсулот низ ворид мегардад.                  Дар рафти санҷиш муқаррар карда шуд, ки шароити истеҳсоли қоғазҳои ташноб дар ҳама сехҳои санҷидашуда ғайриқаноатбахш буда, ба талаботи қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва шароити дурусти техникии истеҳсоли қоғази ташноб ҷавобгӯ намебошад.      Инчунин, дар сехи истеҳсолӣ, воқеъ дар кӯчаи Зебунисо 32 ҶДММ «Ваҳдат», соҳибкор Сафоев Ш. ошкор карда шуд, ки дар борҷомаи маҳсулоти тайёршуда ба ҷои суроғаи истеҳсолкунанда суроғаи шаҳри Пенза, кӯчаи Индустриалная 40-и Федератсияи Россия, шарти техникӣ ТУ 5463-001¬63784289-2003 нишон дода шудааст. Ин амал тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ҳамчун рақобати бевиҷдонона манъ карда шудааст.                Бо мақсади бартараф кардани қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ нисбат ба соҳибкорон Пирмадов Ҷ, Мирзохоҷаев Ф., Азизов Ш. ва Сафоев Ш. Таъинот дар бораи оғоз намудани истеҳсоли парванда дар хусуси вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ аз 22 июни соли 2009 қабул гардида, бинобар сабаби иҷро кардани талаботи Таъиноти ирсолгардида ва ихтиёран бартараф кардани қонунвайронкунӣ тибқи Тартиби баррасии парванда дар хусуси вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли парванда қатъ карда шуд.                 Ҳамзамон, ба мақсади пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ барои барпо намудани рақобати солим ва рушди бозори моли муайяни қоғази ташноб тибқи моддаи 13 Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» барои роҳ надодан ба савдои ғайриқонунии коғази ташноб, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон барои пешгирии воридоти қоғази ташноб ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии назди Вазорати тандурустии ҶТ, Агентии «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда шуд.

Июль 30, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад