ПОЁНРАВИИ ҚУРБИ РУБЛИ РУСӢ БА БОЛОРАВИИ ҚУРБИ ДОЛЛАР ТАЪСИР КАРД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — «Боло рафтани қурби доллари ИМА дар охири ҳафтаи гузашта аз сабаби поён рафтани қурби рубли русӣ ба амал омад. Чун ки, дар шимоли кишвар бештари тиҷорат бо рубли русӣ сурат мегирад ва мардум аз поёнравии рубли русӣ дар ҳарос шуда, ба харидани доллар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карданд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 16 июл, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода. Ӯ афзуд, ки сабаби якбора боло рафтани қурби асъори хориҷӣ, бахусус доллари ИМА дар аввали соли ҷорӣ ин қариб се маротиба зиёд шудани ҳаҷми воридот нисбат ба содирот мебошад. Имрӯз, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми воридоту содирот қариб баробар шуда истодааст ва аз ин рӯ, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда устувории қурби пули миллиро БМТ таъмин мекунад. Мавриди зикр аст, ки болоравии қурби асъори хориҷӣ дар давоми шаш моҳи соли равон 27,3 фоизро ташкил дод, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 0,98 фоиз буд. Содирот дар ин давра 411,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 фоиз кам аст. Воридот низ дар давраи ҳисоботӣ 21,6 фоиз кам шуда, 1 204,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 615,8 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки нисбати шашмоҳаи аввали соли 2008-ум 30,6 фоиз кам мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






