ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ НАТИҶАҲОИ ГУФТУШУНИД ҚАНОАТМАНД АСТ

Июль 30, 2009 15:35

                   Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова, Пайрав Назаров). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз баъди анҷоми мулоқоти сегона бо роҳбарони давлатҳои Афғонистону Покистон зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки аз натиҷаҳои гуфтушунид комилан қаноатманд аст. Вай изҳор намуд, ки гуфтушунид хеле судбахш буд ва хусусияти созандагӣ дошт. Дар ҷараёни он нақшаҳои дурнамои ҳамкории ҳар се мамлакат дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд. Мо ба ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналхалқӣ диққати асосӣ додем, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.                    Қайд карда шуд, ки сарони ҳар се давлат ба тарафдории идома додани чунин мулоқотҳо ақида изҳор намуданд. Зимни сӯҳбат роҳу усулҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҳифзи сарҳад, хариду фурӯши мол дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, кашидани хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, ҳамлу нақли мол аз Тоҷикистон тавассути Бандари Шерхон — Кобул — Пешовар ва Исломобод мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.                   Сардори давлати Тоҷикистон зикр намуд, ки зимни мулоқот пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи ташкили маркази минтақавии зиддитеррористӣ муҳокима карда шуд.                   Мо зимни мулоқот мамлакатҳои ҳамсояро даъват кардем, ки барои барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон ва ободии он саҳм гузоранд. Тоҷикистону Покистон ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, сиёсати Афғонистонро дар бобати барқарор сохтани сулҳу иқтисодиёти мамлакат ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин ба масъалаи таъмини амнияти  Афғонистон ва расондани кӯмак дар ҳалли ин масъала диққати ҷиддӣ дода шуд.                    Ба қавли Президенти Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан ва амалӣ сохтани барномаҳои соҳаи энергетика аз ҷумлаи самтҳои аввалиндараҷаи ҳамкории ҳар се мамлакат номбар карда шуд.  

Июль 30, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд