ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ НАТИҶАҲОИ ГУФТУШУНИД ҚАНОАТМАНД АСТ
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова, Пайрав Назаров). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз баъди анҷоми мулоқоти сегона бо роҳбарони давлатҳои Афғонистону Покистон зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки аз натиҷаҳои гуфтушунид комилан қаноатманд аст. Вай изҳор намуд, ки гуфтушунид хеле судбахш буд ва хусусияти созандагӣ дошт. Дар ҷараёни он нақшаҳои дурнамои ҳамкории ҳар се мамлакат дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд. Мо ба ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналхалқӣ диққати асосӣ додем, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Қайд карда шуд, ки сарони ҳар се давлат ба тарафдории идома додани чунин мулоқотҳо ақида изҳор намуданд. Зимни сӯҳбат роҳу усулҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҳифзи сарҳад, хариду фурӯши мол дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, кашидани хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, ҳамлу нақли мол аз Тоҷикистон тавассути Бандари Шерхон — Кобул — Пешовар ва Исломобод мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Сардори давлати Тоҷикистон зикр намуд, ки зимни мулоқот пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи ташкили маркази минтақавии зиддитеррористӣ муҳокима карда шуд. Мо зимни мулоқот мамлакатҳои ҳамсояро даъват кардем, ки барои барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон ва ободии он саҳм гузоранд. Тоҷикистону Покистон ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, сиёсати Афғонистонро дар бобати барқарор сохтани сулҳу иқтисодиёти мамлакат ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин ба масъалаи таъмини амнияти Афғонистон ва расондани кӯмак дар ҳалли ин масъала диққати ҷиддӣ дода шуд. Ба қавли Президенти Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан ва амалӣ сохтани барномаҳои соҳаи энергетика аз ҷумлаи самтҳои аввалиндараҷаи ҳамкории ҳар се мамлакат номбар карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






