РОҲҲОИ ҚИСМАТИ ҒАРБИИ ДУШАНБЕ ДАР АРАФАИ АЗНАВСОЗИСТ

Июль 27, 2009 11:14

                Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба азнавсозии се кӯчаи пойтахт- Соҳилӣ, Соҳилӣ- Ҷанубӣ ва Алишери Навоӣ тадбир андешид.                Мувофиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавию оғози корҳои сохтмонии кӯчаи Соҳилӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то бурриши кӯчаи Ҷомӣ», «Сохтмони роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ-Ҷанубӣ аз кӯчаи Ҷомӣ то пайваст ба кӯчаи Неъмат Қарабоев» ва «Азнавсозии кӯчаи А.Навоӣ (аз бурриши кӯчаи Б.Ғафуров то дарвозаи ғарбӣ») ба Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе иҷозат дода шуд.                Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки корҳои ҷустуҷӯӣ ва лоиҳакашии иншоотҳоро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва қоидаи меъёрҳои сохтмонӣ -шаҳрсозӣ иҷро намуда, ба сохтмону азнавсозии роҳҳо баъди дастрас намудани хулосаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намояд.

Июль 27, 2009 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд