РОҲИ МОШИНГАРДИ ДУШАНБЕ-ЧАНОҚ БАЪД АЗ ЯК СОЛ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Июль 25, 2009 11:14

                    Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — «Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти калон дорад. Ҳадафи тармими он тамоми фаслҳои сол таъмин намудани рафтуомади нақлиёт, рушду нумӯи иҷтимоӣ ва иқтисодии қисматҳои ҷанубу шимоли кишвар, ба кор даровардани туннелҳои Шаҳристон ва Истиқлол сохтмони галереяҳо, купрукҳо ва дигар иншоотҳои ёрирасон мебошад», гуфт раиси «Маркази татбиқи барномаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ» Қодир Саидов дар нишасти матбуотие, ки дирӯз 24 июл дар Душанбе шуда гузашт.                   Ӯ зикр кард, ки «маблағи умумии лоиҳа 295,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 281,1 миллион доллар қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Хитой, 14,8 миллион доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. То имрӯз 265,45 миллион доллари ИМА пардохт карда шудааст, ки 251,13 миллион доллари он қарзи Бонки содироту воридоти ҶМХ ва 14,43 миллион доллари он саҳми ҶТ мебошад».                    Тармими роҳ ба 3 давра ҷудо карда шудааст яъне давраи якум — таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, давраи дуюм- сохтмони нақбҳо ва давраи сеюм-сохтмони долонҳои зидди тарма, ки корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи марҳилаҳо яквақт пеш бурда мешавад, қайд кард Саидов Қ.                   «Дар ҳамаи қитъаҳои роҳ барои иҷрои корҳои таҷдидӣ аз ҷониби пудратчии асосӣ дар моҳи ҳисоботӣ 359 механизму таҷҳизоти гуногуни роҳсозӣ сафарбар шудаанд, инчунин 1547 нафар мутахассисон ва коргарон ба кор ҷалб карда шудаанд, ки аз онҳо 219 нафарашон шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошанд. Мӯҳлати анҷоми корҳои таҷдидӣ роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ моҳи июли соли 2010 ба анҷом мерасад», гуфт Саидов Қ.                   Барои бо сифати баланд ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Душанбе дар киллометри 42-юм ва аз ҷониби Хуҷанд аз ноҳияи Шаҳристон ҳаракати автомобилҳо аз соати 7:00 саҳар то 19:00 бегоҳ муваққатан манъ карда мешавад.

Июль 25, 2009 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд