РОҲИ СОХТМОНИ БЕСОБИҚАИ РӮШОН- САРЕЗ

Июль 7, 2009 10:24

                    Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати роҳсозии шаҳри Хоруғи ВМКБ сохтмони роҳи мошингарди Рӯшон — Сарез ҳанӯз аз замони шӯравӣ оғоз ёфта буд ва бо сабаби нарасидани маблағ сохтмони роҳ солҳои тӯлонӣ давом дорад. Бо шарофати истиқлол сохтмони ин роҳ аз нав ба нақша гирифта шуд.                     Ҳамаи камбудиҳоро ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ соли ҷорӣ барои сохтмони роҳ 486 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.Сохтмончиёни Раёсати роҳсозии рақами 8-и шаҳри Хоруғ ба майдончаи сохтмонӣ техника ва сӯзишвориро интиқол дод.                    Масофаи роҳ аз ноҳияи Рӯшон то кӯли Сарез беш аз 150 км мебошад, ки барои сохтмони он беш аз 100 млн. сомонӣ зарур аст. Соли ҷорӣ 7 км ин роҳ сохта мешавад.   

Июль 7, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд