«РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ АФҒОНИСТОН» ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 31 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 60 ширкати хусусии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар нахустин намоишгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе ширкат менамоянд. Намоишгоҳ таҳти унвони « Рушди иқтисодиёти Афғонистон» рӯзҳои 4-6 август дар «Кохи Борбад» ташкил карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» атташеи иқтисодии Сафорати Афғонистон дар Душанбе Наҷибулло Раҳимӣ иттилоъ дод. Намоишгоҳ дар доираи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамзабмон бо иқдоми Палатаҳои савдою саноати Тоҷикистону Афғонистон созмон дода мешавад. Ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорони Афғонистон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, муаррифии молу маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои ин кишвар ва табодули таҷриба байни тоҷирони тоҷику афғон мебошад. Дар намоишгоҳ молҳои саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ ва саноати сабук ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешаванд.Инчунин, дар ҷараёни намоишгоҳ вохӯрию мулоқоти доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар назар дошта шудааст. Н. Раҳимӣ афзуд, ки солҳои охир ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду давлати ҳамҷавор беш аз пеш густариш меёбад. Мубодилаи мол байни ду кишвар дар 6 моҳи соли 2009 наздики 40 миллион долларро ташкил дод. Корхонаҳои муштарак дар бахши коркарди чарм, маснуоти оҳанию бетонӣ, сохтмон, ҳамлу нақл, қаннодӣ ба мисли «Помирчарм», «Ширинасал», «Нигин» ва ғайраҳо фаъолият доранд. Дар як ҳафта бо хатсайри Кобул -Душанбе — Кобул се парвоз аз сӯи ширкатҳои ҳавоии «Ориёно» ва «Комёр»- ки Афғонистон сурат мегирад, ки далели таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду давлат аст.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






