РУСИЯ АЗ ИСТИФОДАИ «ЧАРОҒҲОИ ИЛИЧӢ» ДАСТ МЕКАШАД

Июль 4, 2009 10:08

                  Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар»-ИТАР-ТАСС).- Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев чанд рӯз пеш дар шаҳри Архангелск дар маҷлиси раёсати Шӯрои давлатии масъалаҳои беҳтар сохтани самараи истифодаи манбаъҳои гуногуни энергия сухан ронда гуфт, ки имкон дорад ояндаи наздик фурӯши чароғҳои муқаррарии барқӣ дар мамлакат манъ карда шавад. Вай зикр намуд, ки барои ҳалли масъалаҳои сарфаи қувваи барқ қарорҳои қатъӣ қабул намуда, инчунин тавсияҳои ҷиддиро амалӣ сохтан зарур аст.  Президент таъкид намуда, ки масъулияти иҷрои тадбирҳои сарфаи кардани қувваи барқ ба зиммаи роҳбарони минтақаҳо ва корхонаҳои калони саноатӣ гузошта мешавад.                 Коршиносон қайд мекунанд, ки «чароғҳои иличӣ» барои равшан кардани атрофи худ ҳамагӣ 5-10 % энергияро истифода мебаранд. Энергияи боқимонда барои гарм кардани дохили чароғ сарф мешавад. Чароғакҳои навбаромади барқии каммасраф ва лампаҳои галогенӣ нисбат ба «чароғҳои иличӣ» 30 % қимматтар бошанд ҳам, вале мӯҳлати хизматашон тақрибан 10 баробар зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки айни ҳол бисёр мамлакатҳои ҷаҳон тадриҷан ба истифодаи чунин чароғакҳои каммасраф мегузаранд.                 Д. Медведев дар маҷлиси Шӯрои давлатии масъалаҳои афзун гардондани самараи истифодаи қувваи барқ фаъолияти хоҷагии манзилу коммуналии мамлакатро сахт танқид кард. Энергия ва қувваи барқ дар хоҷагии манзилу коммуналии мамлакати мо аз ҳама бештар ва беҳуда истифода бурда мешавад, гуфт президент. Медведев дар бораи расондани кӯмаки давлатӣ ба корхонаҳо сухан ронда таъкид кард, танҳо ба корхонаҳое кӯмаки давлатӣ расонда шавад, ки нақшаи кам кардани масрафи қувваи барқро амалӣ месозанд.                 Русия аз ҳисоби ҷорӣ кардан ва истифода бурдани технологияҳои нав, ки ба кам кардани масрафи энергия имконият медиҳанд, аз 120 то 150 миллиард долларро сарфа карда метавонад, хабар медиҳад ҳафтаномаи «Коммерсант» бо истинод ба маълумоти маърӯзаи муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ. Дар ин маврид Русия имкон дорад, ки тадбирҳои самарабахш андешида 240 миллиард метри мукааб гази табиӣ, 89 миллион тонна ангишт ва 43 миллион тонна нафтро сарфа кунад.                Дар ин бобат барои мавриди истифода қарор додани технологияи олии самарабахш қариб 320 миллиард доллар сарф кардан лозим меояд. Ин нисбат ба маблағи афзун гардондани истеҳсоли энергия 3 баробар кам мебошад.                 Сарвазири Русия Владимир Путин аввали моҳи июн дар машварати бахшида ба масъалаҳои рушди соҳаи истеҳсоли қувваи барқ зикр карда буд, ки самаранокии иқтисодиёти мамлакатро то соли 2020 то 40 % зиёд кардан зарур аст. Ба ҳукумат супориш дода шуд, ки барои ин нақшаи кам кардани масрафи энергия ва қувваи барқро таҳия созад.Қайд карда мешавад, ки чароғҳои муқаррарии барқӣ 90% қувваи барқро ба гармӣ табдил дода, танҳо 10% онро барои равшанӣ истифода мебаранд. Тавре ки дар боло зикр шуд, чуроғакҳои каммасрафи навбаромад ва галогенӣ нисбат ба чароғҳои муқаррарӣ 30% қиммат бошанд ҳам, мӯҳлати хизмати онҳо 10 баробар бештар аст.                 Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон давраи гузариш ба истифодаи чароғакҳои навбаромади каммасраф шурӯъ шудааст. Президенти ҷумҳурӣ дар ин масъала фармони махсус имзо намуд. Тибқи фармони мазкур аз 1 майи соли 2009 сар карда, дар Тоҷикистон танҳо аз чароғакҳои каммасраф истифода карда мешавад. Фармони президент Вазорати молия ва ширкати «Барқи Тоҷик»-ро вазифадор менамояд, ки то моҳи октябри соли равон 241 ҳазор хонаводаи камбизоатро бо чароғакҳои каммасраф таъмин намоянд.                  Расонаҳои гурӯҳии Русия хабар медиҳанд, ки Тоҷикистон дар як сол ба масрафи тақрибан 4-5 миллиард киловатт-соат қувваи барқ эҳтиёҷи калон дорад, вале камбуди истеҳсоли қувваи барқ, хусусан дар фасли зимистон сабаби қатъ намудани интиқоли он ба хонаҳои мардум мегардад.                  Хурсандиовар аст, ки аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон истифодаи чароғакҳои навбаромади каммасрафи барқиро то рафт бештар дастгирӣ мекунанд. Ҳукуматдорони Зеландияи нав аввали соли равон дар бораи истифодаи саросарии чароғакҳои барқии каммасраф ва манъи фурӯши чароғҳои муқаррарии барқӣ қонуни махсус қабул намуданд.                  Президенти ИМА Ҷорҷ Буш низ охири моҳи декабри соли 2007 дар бораи иваз намудани чароғҳои муқаррарии барқӣ ба чароғакҳои каммасрафи навбаромад қонун имзо карда буд. Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ки дар давоми 7 соли оянда дар саросари ИМА масрафи қувваи барқ 30% кам карда шавад. Тибқи нақша, дар ИМА то соли 2012 чароғҳои барқии 100 вата, то соли 2013 чароғҳои барқии 75 вата ва то соли 2014 чароғҳои барқии 60 ва 40 вата аз истифода хориҷ карда мешаванд. Ба ивази онҳо чароғакҳои каммасрафи барқӣ истифода бурда хоҳанд шуд.                                                                                                      Тарҷумон Қудратов А.   

Июль 4, 2009 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид