РУСИЯ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН БОЗ ЯК ПОЙГОҲИ НИЗОМӢ МЕСОЗАД
Бишкек, 30 июл. (АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — Русия бо роҳбарияти Қирғизистон дар масъалаи ҷой додани боз як пойгоҳи низомӣ дар қаламрави ин мамлакат созиш ба даст овард. Вале ёвари президенти Русия Сергей Приходко изҳор намуд, ки ин пойгоҳи нави низомӣ набуда, балки қароргоҳи марказии Қувваҳои дастаҷамъии Вокуниши таъҷилии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад. Бояд гуфт, ки айни ҳол дар майдони ҳавоии Канти Қирғизистон пойгоҳи низомии Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Русия ҷой дода шудааст. Инчунин ИМА дар майдони ҳавоии «Манас» пойгоҳи низомӣ бунёд намудааст, ки барои таъминоти қисмҳои ҳарбии эътилофӣ дар Афғонистон истифода бурда мешавад. Масъалаи кушодани пойгоҳи нави низомӣ дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СААД муҳокима карда хоҳад шуд, ки 31 июл дар Қирғизистон баргузор мегардад. Хабар дода мешавад, ки Ӯзбекистони ҳамсоя ба кушодани пойгоҳи нави низомии Русия дар Қирғизистон қатъан муқобил мебошад. Тавре хабар дода шуда буд, Ӯзбекистон ва Белорусия дар вақташ созишномаи ташкили Қувваҳои зудамали дастаҷамъии вокуниши таъҷилиро имзо накарда буданд. Намояндагони Арманистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон имрӯзҳо дар Алмаато нақшаи гузаронидани машқи низомии Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилиро муҳокима мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






