РУСИЯ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН БОЗ ЯК ПОЙГОҲИ НИЗОМӢ МЕСОЗАД

Июль 30, 2009 10:39

                 Бишкек, 30 июл. (АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — Русия бо роҳбарияти Қирғизистон дар масъалаи ҷой додани боз як пойгоҳи низомӣ дар қаламрави ин мамлакат созиш ба даст овард. Вале ёвари президенти Русия Сергей Приходко изҳор намуд, ки ин пойгоҳи нави низомӣ набуда, балки қароргоҳи марказии Қувваҳои дастаҷамъии Вокуниши таъҷилии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад.                   Бояд гуфт, ки айни ҳол дар майдони ҳавоии Канти Қирғизистон пойгоҳи низомии Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Русия ҷой дода шудааст. Инчунин ИМА дар майдони ҳавоии «Манас» пойгоҳи низомӣ бунёд намудааст, ки барои таъминоти қисмҳои ҳарбии эътилофӣ дар Афғонистон истифода бурда мешавад.                   Масъалаи кушодани пойгоҳи нави низомӣ дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СААД муҳокима карда хоҳад шуд, ки 31 июл дар Қирғизистон баргузор мегардад.                     Хабар дода мешавад, ки Ӯзбекистони ҳамсоя ба кушодани пойгоҳи нави низомии Русия дар Қирғизистон қатъан муқобил мебошад. Тавре хабар дода шуда буд, Ӯзбекистон ва Белорусия дар вақташ созишномаи ташкили Қувваҳои зудамали дастаҷамъии вокуниши таъҷилиро имзо накарда буданд.                    Намояндагони Арманистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон имрӯзҳо дар Алмаато нақшаи гузаронидани машқи низомии Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилиро муҳокима мекунанд.

Июль 30, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид