РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ МЕСОЗАД?

Июль 24, 2009 10:10

                      Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 23 июл дар сафоратхонаи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон мулоқоти аъзои Шӯрои тиҷоратии ин мамлакат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ баргузор гардид. Дар он сухан дар бораи барномаҳои сармоягузории Русия дар Тоҷикистон ва корхонаю иншоотҳое сухан рафт, ки ҳамроҳи Русия бунёд карда мешаванд.                      Қайд карда шуд, ки бо иштироки сармояи Русия имрӯз дар Тоҷикистон НБО «Сангтӯда-1», меҳмонхонаи панҷситорадори «Ҳаёт реҷенси», таҳқиқи ҳавзаҳои гази табиӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони «Газпромнефт», силсилаи бунгоҳҳои сӯзишвории нақлиёт ва муассисаҳои алоқаи мобилии телефонии «Билайн» ва «Мегафон» ва ғайра сохта мешаванд.                     Аъзои Шӯрои тиҷоратӣ, аз ҷумла сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ба хабарнигорон дар бораи фаъолияти имрӯзаи корхонаҳо ва ширкатҳои Русия дар Тоҷикистон маълумот доданд. Аз ҷумла хабар дода шуд, ки ҳамаи 4 агрегати НБО «Сангтӯда-1» ба кор дароварда шуданд. Арзиши умумии хароҷоти сохтмони нерӯгоҳи мазкур 600 миллион доллари ИМА мебошад. Нерӯгоҳ охирҳои моҳи июл ба истифода дода мешавад. Сафири Русия Ю. Попов зикр намуд, ки ширкатҳои Русия дар оянда ҳам дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду миёна дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.                    Ба қавли намояндаи доимии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Яковлев маблағи хариду фурӯши мол байни ҳар ду кишвар дар давоми 6 моҳи гузашта ба 400,5 миллион доллари ИМА расид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 27% кам мебошад. Дар ин муддат аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 360,6 миллион доллари ИМА мол ворид карда шуд, аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 39,9 миллион доллар мол фиристода шудааст. Аз Русия ба Тоҷикистон асосан таҷҳизоти техникӣ, автобусҳо, тролейбусҳо ва вагонҳои роҳи оҳан фиристода мешаванд. Моҳи майи соли равон дар Тоҷикистон намояндагии нави Ҷамъияти саҳҳомии «Росселхозбанк» кушода шуд. Ин ба рушди соҳаи сармоягузорӣ ва молиявии Тоҷикистон ва равнақу ривоҷи муносибатҳои ҳар ду мамлакат бештар мусоидат хоҳад кард, гуфт А. Яковлев. Тарҷумон Қудратов А.   

Июль 24, 2009 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд