РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ МЕСОЗАД?
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 23 июл дар сафоратхонаи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон мулоқоти аъзои Шӯрои тиҷоратии ин мамлакат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ баргузор гардид. Дар он сухан дар бораи барномаҳои сармоягузории Русия дар Тоҷикистон ва корхонаю иншоотҳое сухан рафт, ки ҳамроҳи Русия бунёд карда мешаванд. Қайд карда шуд, ки бо иштироки сармояи Русия имрӯз дар Тоҷикистон НБО «Сангтӯда-1», меҳмонхонаи панҷситорадори «Ҳаёт реҷенси», таҳқиқи ҳавзаҳои гази табиӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони «Газпромнефт», силсилаи бунгоҳҳои сӯзишвории нақлиёт ва муассисаҳои алоқаи мобилии телефонии «Билайн» ва «Мегафон» ва ғайра сохта мешаванд. Аъзои Шӯрои тиҷоратӣ, аз ҷумла сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ба хабарнигорон дар бораи фаъолияти имрӯзаи корхонаҳо ва ширкатҳои Русия дар Тоҷикистон маълумот доданд. Аз ҷумла хабар дода шуд, ки ҳамаи 4 агрегати НБО «Сангтӯда-1» ба кор дароварда шуданд. Арзиши умумии хароҷоти сохтмони нерӯгоҳи мазкур 600 миллион доллари ИМА мебошад. Нерӯгоҳ охирҳои моҳи июл ба истифода дода мешавад. Сафири Русия Ю. Попов зикр намуд, ки ширкатҳои Русия дар оянда ҳам дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду миёна дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. Ба қавли намояндаи доимии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Яковлев маблағи хариду фурӯши мол байни ҳар ду кишвар дар давоми 6 моҳи гузашта ба 400,5 миллион доллари ИМА расид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 27% кам мебошад. Дар ин муддат аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 360,6 миллион доллари ИМА мол ворид карда шуд, аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 39,9 миллион доллар мол фиристода шудааст. Аз Русия ба Тоҷикистон асосан таҷҳизоти техникӣ, автобусҳо, тролейбусҳо ва вагонҳои роҳи оҳан фиристода мешаванд. Моҳи майи соли равон дар Тоҷикистон намояндагии нави Ҷамъияти саҳҳомии «Росселхозбанк» кушода шуд. Ин ба рушди соҳаи сармоягузорӣ ва молиявии Тоҷикистон ва равнақу ривоҷи муносибатҳои ҳар ду мамлакат бештар мусоидат хоҳад кард, гуфт А. Яковлев. Тарҷумон Қудратов А.








Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд






