СӮХТОР ДАР НУҚТАИ ФУРӮШИ СӮЗИШВОРӢ
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 12 июл, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории шахсӣ, воқеъ дар кӯчаи Ленини ноҳияи Айнӣ, ки ба Баҳодур Музаффаров тааллуқ дошт сӯхтор ба амал омад. Мутахассисони Хадамоти оташнишонӣ муқарар намуданд, ки сабаби ба амал омадани сӯхтор аз беаҳамиятӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор зимни рехтани маводи сӯхти моеъ мебошад. Баҳодур Музаффаров дар маҳали кораш бо либоси синтетики ҳузур дошт. Вақти рехтани маводи сӯхт дар натиҷаи соиши либоси ӯ заряди барқӣ (шарора) парида ба бензин расидааст. Дар натиҷа 2000 литр бензин оташ гирифт. Оташ масоҳати 130 метри мурабаъро фаро гирифт. Ягон шахс зарар надидааст, хисороти оташ 12 ҳазору 600 сомониро ташкил дод. Тавре аз Раёсати давлатии хадамоти оташнишонии ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, хафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ 29 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Хисороти моддии расонидаи он 51 ҳазору 170 сомониро ташкил кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






